Ширкатҳои хизматрасонии Маскав тоҷикистониёнро ба кор даъват мекунанд

Ширкатҳои хизматрасонии (клинингии) шаҳри Маскав – ҶДММ «АртКлин Сервис» ва ҶДММ «Русклин» омодаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор қабул кунанд ва дар ин хусус ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия муроҷиат кардаанд. Котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Ахмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Аваз Юлдошев



Ширкатҳои хизматрасонии (клинингии) шаҳри Маскав – ҶДММ «АртКлин Сервис» ва ҶДММ «Русклин» омодаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор қабул кунанд ва дар ин хусус ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия муроҷиат кардаанд.

Котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Ахмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ дар Русия, кормандони намояндагӣ бо раҳбарияти як қатор корфармоёни имконпазир вохӯриҳо гузарониданд.

«Зимни вохӯриҳо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ба таъмини беш аз 420 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ омодагӣ изҳор намуда, зикр карданд, ки аллакай дар ин ширкатҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик машғули коранд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ин ширкатҳо ба фаррошон, борбардорон, фурӯшандагон ва коргарони таъиноти гуногун бо маоши моҳонаи 20-25 ҳазор рубл эҳтиёҷ доранд.

Зимнан зикр гардид, ки хоҳишмандони кор кардан дар ин ширкатҳо метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва муҳоҷирони кории муқими Русия ба намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.