Ҷоми Иттиҳод-2016: Тоҷикистон бо Русия бозӣ мекунад

Дар Хонаи футболи Иттифоқи футболи Русия дар Маскав рӯзи 17 декабр маросими қуръапартоии мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод-2016 доир гардид, ки дар натиҷа 8 даста ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, бо дастаҳои Русия, Латвия ва Эстония қувваозмоӣ мекунад. […]



Дар Хонаи футболи Иттифоқи футболи Русия дар Маскав рӯзи 17 декабр маросими қуръапартоии мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод-2016 доир гардид, ки дар натиҷа 8 даста ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, бо дастаҳои Русия, Латвия ва Эстония қувваозмоӣ мекунад. Гурӯҳи «А» аз дастаҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова иборат аст. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа омода мекунад. Ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар, инчунин сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва устоди ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Баҳодур Сӯфиев шомил гаштанд. Мураббии омодагии ҷисмонии даста, мутахассиси украинӣ Владимир Власенко таъин шуда, дарвозабонҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии Амоншо Содатсайров тамрин хоҳанд кард.


Натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод-2016:


Гурӯҳи «А»:

 Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.


Группа «В»:

 Латвия, Эстония, Русия,

 Тоҷикистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.