Ҷаримабандии тоҷикдухтар дар Русия барои даъватҳои ифротгароӣ тариқи Интернет

Суди шаҳри Колчугинои вилояти Владимирски Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваи 19-сола, ки барои даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ тариқи Интернет маҳкум шудааст, айбнома содир намуд. Ба сифати ҷазо суд ӯро дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл ҷарима бастааст. Тавре дар ин робита дар сомонаи расмии Прокуратураи вилояти Владимирск иттилоъ дода мешавад, зимни тафтишот муайян карда […]



Суди шаҳри Колчугинои вилояти Владимирски Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваи 19-сола, ки барои даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ тариқи Интернет маҳкум шудааст, айбнома содир намуд. Ба сифати ҷазо суд ӯро дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл ҷарима бастааст.

Тавре дар ин робита дар сомонаи расмии

Прокуратураи вилояти Владимирск

иттилоъ дода мешавад, зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки аз моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистон Мазориева ба макони иқомати муваққатӣ ба шаҳри Колчугинои  вилояти мазкур омада, таҳти таъсири маводи иттилоотӣ дар шабакаи Интернет ба афкори исломи тундгаро моил ва нисбати дигар афроде, ки аз ислом пуштибонӣ надоштаанд, ҳисси нафрату адоват пайдо кардааст.

Қайд мешавад, ки дар шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ ӯ бо маълумоти гуногуни дорои мавқеи ифротгароӣ шинос шуда, дар ҷараёни он қасди содир намудани ҷинояти марбут ба даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ ба вуҷуд омадааст.

Санаи 12 августи соли ҷорӣ зимни қарор доштан дар макони иқомати муваққатӣ, Мавзуна дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо сабти номи «Асмаа на пути Аллаха (Замужем)» (Асмаа дар роҳ ба сӯи Аллоҳ (Оиладор) саҳифаи шахсии худро боз намудааст.

«Бо истифода аз телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и ба Интернет васлшуда ӯ дар саҳифаи худ сабти видеоии кушода барои дастрасӣ дар шакли сухангӯиро гузоштааст, ки дар он мафҳумҳои дорои даъват ба содир намудани амалҳои зӯроварона нисбат ба гурӯҳи шахсон аз рӯи аломатҳои мазҳабӣ ҷой доштаанд», – зикр мегардад дар маълумот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.