Номгузории «пастзанандаи шаъну эътибори инсон» ба кӯдакон манъ карда шуд

Вакилони палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ намуданд. Ин тағйирот ба танзими ҷараёни интихоби ном барои тифлони навзод аз ҷониби волидони тоҷикашон нигаронида шудааст. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки мутобиқи меъёрҳои […]



Вакилони палатаи поёнии парлумон аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ намуданд. Ин тағйирот ба танзими ҷараёни интихоби ном барои тифлони навзод аз ҷониби волидони тоҷикашон нигаронида шудааст.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки мутобиқи меъёрҳои тағйирот, ба тифлон гузоштани номҳое, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад, манъ карда мешавад. «Масалан, ба тифлони навзод гузоштани номҳое чун Санг, Сафол, Зоғ, Гург ва ғайра манъ карда мешавад», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, тағйирот ҳамчунин барои ба тартиб овардани ном, номи падар ва фамилияи шаҳрвандон низ равона гардидааст. «Айни замон ин раванд худ ба худ сурат мегирад. Зимни ивази фамилияҳо шаҳрвандони мо аксар вақт тибқи расму оини миллӣ чунин номҳое мегузоранд, ки дар фаҳмидани кадоме аз онҳо ному кадоме номи падар ва фамилия буданаш кас ба мушкил дучор мешавад», – қайд кард вазир.

Вазири адлия зикр кард, ки аз ин ба баъд истифодаи лақаб дар ҳуҷчатҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ манъ карда мешавад.

Хотиррасон шуд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат дар ҳамдастӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро таҳия месозанд, ки минбаъд номгузории тифлони миллати аксари кулли кишвар (тоҷикон) мутобиқи он сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, барои шаҳрвандони миллати дигар, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, имтиёзҳо пешбинӣ шуда, онҳо метавонанд мутобиқи расму оин ва фарҳанги худ барои тифлашон ном интихоб кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.