Вазорати тандурустӣ: Инсулини бепул барои калонсолон танҳо барои ним сол кифоя аст

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода изҳор дошт, ки захираи инсулин барои кӯдакон ва ҷавонони синни то 21-солаи гирифтори касалии қанд то  охири соли 2016 кифоя аст. Дар ҳамин ҳол, ба шахсони калонсоли гирифтори ин бемории вазнин инсулин танҳо то нимсолаи аввал дода мешавад, зеро маҳз дар ҳамин давра захираҳои ин дору […]



Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода изҳор дошт, ки захираи инсулин барои кӯдакон ва ҷавонони синни то 21-солаи гирифтори касалии қанд то  охири соли 2016 кифоя аст.

Дар ҳамин ҳол, ба шахсони калонсоли гирифтори ин бемории вазнин инсулин танҳо то нимсолаи аввал дода мешавад, зеро маҳз дар ҳамин давра захираҳои ин дору барои беморони дараҷаи калонсолон ба охир мерасанд.

«Мо кӯшиш кардем, ки маблағ дарёфта, беморони каслаии қандро бо инсулин таъмин кунем, аммо таъкид карданиам, ки афзоиши шумори беморони гирифтори касалии қанд дар ҷумҳурӣ маънои онро надорад, ки шароитҳо бад мешаванд ё тамоили афзоиши беморӣ вуҷуд дорад. Ин танҳо гувоҳи он аст, ки ошкоркунии беморӣ зиёд шуда, аҳолӣ барои тадбирҳои пешгирии табибон  бештар ба онҳо муроҷиат мекунад», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар Тоҷикистон беш аз 34 ҳазор нафар афроди гирифтор ба касалии қанд ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор ба ҳудуди 3,5 ҳазор нафарашон бояд бепул инсулин дода шавад, ки маблағаш дар як сол наздики 5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, зимни таҳияи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 беморони касалӣ (диабет)-и қанд фаромӯш шуда буданд, зеро тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ба бархе аз чунин беморон бояд аз ҷониби давлат бепул инсулин дода шавад.

Дар ҷаласаи моҳи ноябри соли гузаштаи парлумон далели мазкур боиси норозигиву ошуфтагии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров гардида, ӯ аз Вазорати молия тақозо намуда буд, ки дар ин самт тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.

«Таъҷилан тартиб додани рӯйхати беморони ниёзманд ба гирифтани инсулин, аз ин рӯйхат хориҷ кардани афроде, ки ба харидани инсулин аз ҳисоби худ имкон доранд ва дарёфти воситаҳо барои харидории инсулин барои афроди боқимонда зарур аст», – изҳор дошта Зуҳуров ва ҳамчунин илова карда буд, ки нисфи вакилони парлумон низ аз касалии қанд азият мекашанд.

Як қуттӣ доруи инсулин дар дорухонаҳо аз 120 то 180 сомонӣ арзиш дорад, вале на ҳамаи беморон имкон доранд, ки бо чунин нарх миқдори заруриро барои худ дастрас намоянд. Давоми солҳои 2010-2011 дар натиҷаи саривақт таъмин нашудани беморон бо инсулини бепул ҳудуди 100 нафар дар Тоҷикистон фавтиданд.

Тибқи қатъномаи СММ, ки соли 2006 дар иҷлосияи 61-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба касалии қанд қабул шуд, роҳбарони ҳамаи кишварҳо бояд барои вазъи солимии афроди гирифтор ба касалии қанд ҳатман масъулият дошта бошанд. Ин ба Тоҷикистон низ дахл дорад, ки узви СММ аст. Бо тафсилоти бештари ин масъала

дар мавод бо суроғаи зерин

шинос шуда метавонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.