Ҳукумат барои харидории тамоми металлҳои гаронбаҳои истихроҷшуда имкон дорад

– Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи имконот бархӯрдор аст, то ки металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷшударо пурра харидорӣ намояд, – изҳор дошт сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол. «Бо итминон гуфта метавонам, ки то имрӯз ягон грамм металли қиматбаҳо ба хориҷи кишвар бароварда нашудааст», – гуфт ӯ рӯзи сешанбе ба журналистон. Ба қавли […]



– Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи имконот бархӯрдор аст, то ки металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ истихроҷшударо пурра харидорӣ намояд, – изҳор дошт сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол.

«Бо итминон гуфта метавонам, ки то имрӯз ягон грамм металли қиматбаҳо ба хориҷи кишвар бароварда нашудааст», – гуфт ӯ рӯзи сешанбе ба журналистон.

Ба қавли ӯ, иҷозатнома барои ба хориҷи кишвар баровардани металлҳои гаронбаҳо дар он ҳолате дода мешавад, ки агар ҳукумат ба харидории он имкон надошта бошад.

Бо ишора ба қонунгузории амалкунандаи ҶТ Мурод Хол қайд кард, ки ба хориҷи кишвар баровардани маъдан, консентрати ашёи хом ва маводи дорои металл ва сангҳои гаронбаҳо танҳо дар ҳолати мавҷуд набудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва технологияи коркарди фоидаовари онҳо дар дохили кишвар амалӣ мешавад.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон металлҳои гаронбаҳои дар қаламрави кишвар истихроҷшударо бо назардошти нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ бо мақсади афзудани захираҳои фонди металлҳои гаронбаҳо ва сангҳои гаронбаҳо мехарад.

Гузашта аз ин, зикр кард ӯ, худи корхонаҳои истихроҷи ин мавод ба фурӯши маҳсулоти худ дар дохили кишвар манфиатдоранд, зеро ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулот барои онҳо хароҷоти иловагӣ аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон корхонаи муштараки «Зарафшон, «Апрелевка», «Одина», ширкати чинии China Nonferrous Gold (корхонаи фаръии он – «Покрӯд»), корхонаҳои ватании «Назира», «Ганҷ», «Баракат» ва «Истиқлол» ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон машғул мебошанд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон қариб 2 баробар афзуда, ҳудуди 2,3 тоннаро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.