Боздошти сокинoни Шӯроободу Шуғнон бо беш аз 18 кило маводи мухаддир

Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса рӯзи 11 январ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони 40 ва 41-солаи ноҳияи Шӯроободро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсии марди 40-сола, тамғаи “Мусо” аз дохили бағоҷ 7-киллою 246-грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва […]



Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса рӯзи 11 январ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони 40 ва 41-солаи ноҳияи Шӯроободро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти азназаргузаронии автомашинаи шахсии марди 40-сола, тамғаи “Мусо” аз дохили бағоҷ 7-киллою 246-грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, рӯзи дигар дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, шаҳрванди Афғонистон, марди 24-сола, истиқоматкунандаи Қарияи Димурғони вулусволии Шуғнон ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи номбурда 11-килою 126-грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.