Натиҷагирии Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти Агентии зиддифасод

ASIA-Plus



Таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентӣ доир гардид, ки дар он аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли равон муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар ҷаласа, ки бо ҳузури ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон оид ба масалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баргузор шуд, маърӯзаву ҳисоботҳои  муовини якуми директори Агентӣ Аламхон Наимӣ, сардорони Сарраёсати назорати давлатии молиявӣ, Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иктисодии характери коррупсионидошта, раёсати тафтишотӣ, раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва ВМКБ шунида шуданд.

Гуфта мешавад, директори Агентӣ Рустами Эмомалӣ дикқати ҳайати шахсии Агентиро ба камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳо дод.

Зимнан зикр мегардад, ки Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки кормандони Агентӣ бояд дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии ҳукумати Тоҷикистонро софдилона иҷро намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...