Омӯзиши имомхатибон бо тарзҳои шинохти ифротгароён дар масҷидҳо

Аваз Юлдошев



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ давраҳои омӯзишии такмили ихтисос оид ба шинохти ифротгароён ва террористон миёни ибодаткунандагони масҷидҳоро баргузор мекунад.

Дар суҳбат бо «Азия-Плюс» роҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар ин робита гуфт, дар доираи ин курсҳои омӯзишӣ намояндагони ташкилотҳои динӣ, Маркази исломии Тоҷикистон ва равоншиносону ҳуқуқшиносон имомхатибонро бо рафтори ифротгароёну террористони имконпазир ҳангоми адои намоз ва дигар ибодатҳо ошно месозанд.

«Ғайр аз ин, ҳамаи имомхатибони масҷидҳои Тоҷикистон аз рафтору кирдори ҷонибдорони мазҳаби мо – мазҳаби сунниҳо хуб огаҳӣ дошта, худиҳоро аз бегона фарқ карда метавонанд», – қайд кард Шокиров.

Ӯ таъкид дошт, ки 2 ҳазору 543 нафар имомхатибон дар давраҳои омӯзишии такмили ихтисоси солҳои 2013-2016 сатҳи дониш ва огаҳии худ дар самтҳои гуногунро такмил додаву баланд бардоштанд.

Ба ҷуз донишҳои динӣ, дар давраҳои омӯзишӣ имомхатибон аз ахлоқу маълумоти зарурӣ барои донистани Конутситутсия ва қонунҳои кишвар низ сабақ гирифтанд.

Ба имомхатибон тавсия дода мешавад, ки бо шахсоне, ки берун аз чаҳорчӯби муқарраркардаи мазҳаби суннӣ намозу мегузоранду ибодат мекунанд, ҷиҳати пешгирӣ суҳбатҳо гузаронанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...