БМТ: Рубл бо «фоидаи хуб» ба сомонӣ иваз мешавад

Қурби барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамарӯза муқарраршаванда, ки бо сомонӣ дода мешаванд, дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори […]

ASIA-Plus



Қурби барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамарӯза муқарраршаванда, ки бо сомонӣ дода мешаванд, дар асоси қурбҳои бозории рубли нақди русӣ муқаррар карда шуда, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, қурби амалиётӣ барои хариди рубли русӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути низоми электронии савдои бозори байнибонкии асъор (Томсон Ройтерс) дар рӯзи пардохт муқаррар шуда, ягона аст ва онро ташкилотҳои қарзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд.

Ба гунаи мисол БМТ қайд мекунад, ки Бонки миллӣ қурби расмии рубли русиро дар санаи 4 феврали соли равон 0,104 сомонӣ эълон карда, қурби амалиётии хариди рубли русиро бошад, 0,1075 сомонӣ барои як рубли русӣ муқаррар кардааст.

«Тавре мебинем, қурби хариди рубли русии интиқолӣ назар ба қурби расмии он 3,5 банд баланд аст, ки ин ба фоидаи интиқолгирандаҳо мебошад ё бо ибораи дигар гӯем, агар 1000 рубли русӣ бо қурби расмӣ ба 104 сомонӣ баробар шавад, пас он бо қурби амалиётӣ ба 107,5 сомонӣ баробар мешавад», – таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳ Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ

дастур дод,

ки шурӯъ аз 2 феврал маблағҳои пулии бо рубли русӣ ба Тоҷикистон воридшударо бо арзи миллӣ – сомонӣ диҳанд.

Дар БМТ шарҳ дода шуд, ки дастури мазкур ба хотири дастгирии арзи миллӣ, таҳкими қурби он ва танзими бозори асъор қабул шудааст. Ин дастур танҳо нисбати маблағҳои бо рубли русӣ интиқолшуда истифода шуда, ба дигар асъорҳои хориҷӣ дахл надорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.