Оғози парвандаи ҷиноӣ бо далели барнагардонидани қарз ба маблағи 108 ҳазор $

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки моҳи ноябри соли 2014 дар кӯчаи Гипрозем, назди бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи  “БМВ Х-6”, ки арзишаш 40 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, харидорӣ намуда […]

ASIA-Plus



Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки моҳи ноябри соли 2014 дар кӯчаи Гипрозем, назди бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи  “БМВ Х-6”, ки арзишаш 40 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, харидорӣ намуда маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин марди 33-сола бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2015 аз марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе дар кӯчаи Гипрозем 10 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ гумонбаршудаи мазкур моҳи марти соли 2014 аз марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Гипрозем, назди бозори “Деҳқон”, 1-адад автомашинаи тамғаи “Рендж-Ровер”, арзишаш 58 ҳазору 630доллари амрикоиро гирифта маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.