Таъини санаи мурофиаи додгоҳии роҳбарони ҲНИТ

Наздикони 13 нафар аъзои ҳайати раҳбарии Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ иттилоъ додаанд, ки мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин афрод санаи 9 феврал оғоз мегардад. Мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад. Наздикони боздоштшудаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баён доштаанд, ки онҳо 8 феврал, як рӯз қабл аз мурофиа ба додгоҳ даъват шудаанд. Пайвандони […]

Радиои Озодӣ



Наздикони 13 нафар аъзои ҳайати раҳбарии Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ иттилоъ додаанд, ки мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин афрод санаи 9 феврал оғоз мегардад. Мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад.

Наздикони боздоштшудаҳо дар сӯҳбат бо

Радиои Озодӣ

баён доштаанд, ки онҳо 8 феврал, як рӯз қабл аз мурофиа ба додгоҳ даъват шудаанд.

Пайвандони Абдуқаҳҳори Давлат, яке аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гуфтаанд, ки дар ин бора ба онҳо аз Додгоҳи олӣ хабар додаанд. Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки бинобар махфӣ будани парванда муҳокима паси дарҳои баста ҷараён хоҳад гирифт, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надода ва ҳатто нагуфтааст, ки мурофиаи ин 13 нафар кадом рӯз оғоз хоҳад шуд.

Наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гуфтаанд, ки шояд аз ҳар хонавода як нафар аз пайвандон ва вакилони мудофеъ дар мурофиа иштирок кунанд.

Қайд мешавад, ки 13 узви раёсати ҲНИТ – муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон аввали моҳи январ иттилоъ дода буд,ки парвандаи 13 нафар барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шудааст.

То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани дастикам як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТгузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябр Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – 307 — “даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ”, 195 — “ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ” ва 189 — “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ” ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.