Се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар наврасон бар асари як садама дар шоҳроҳи Р-23 Петербург – Невел дар вилояти Пскови Русия осеб диданд. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар хабар медиҳанд.
Хабаргузории
«Интерфакс»
дар ин робита менависад, нимашаб дар километри 301-уми шоҳроҳи Петербург – Невел ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолксваген Каравелла» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун ва ба симчӯб бармехӯрад. Бар асари ин садама сокинони Тоҷикистон – зани 43-сола ва наврасони 16 ва 14-сола осеб дидаанд.
«Осебдидагон ба бемористони вилоятии Псков оварда шуда, ба ҳаёту солимии онҳо чизе таҳдид намекунад», – иттилоъ медиҳад хабаргузории
«Псковское агентство информации»
.





