Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 3 март Олег Николаевич Ивановро сафири Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ва ҳамзамон дар Афғонистон таъин кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Беларус, зимни суҳбат бо сафири тозатаъин А.Лкашенко изҳор доштааст, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надошта, Беларус дар ин кишвар мавқеъи шоиста ва бо раҳбарияти ҷумҳурӣ муносибатҳои хуб дорад.
«Онҳо ҳам бо мо хуб муносибат мекунанд. Бинобар ин, аз ин лиҳоз мо бо кишварҳое, ки бо онҳо ҳамсоя мебошанд, ҳамкорӣ карда метавонем», – гуфтааст сарвари давлати Беларус ва илова намудаат, ки боз густариши бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон зарур аст.
Ба андешаи Александр Лукашенко, Афғонистон аз имконоти зиёд бархурдор буда, «дар ин кишвар мо метавонем пешниҳодҳои муфид ва судманд ба даст орем».
«Кишвари хеле бой аст, дар ҳоли рушд қарор дошта, сераҳолӣ ва аз нигоҳи стратегӣ минтақаи судманд буда, он канор гузошта намешавад. Аз ин рӯ, ба ин кишвар мебояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард, албатта бо фаромӯш насохтани Тоҷикистон низ», – қайд кардааст президенти Беларус.





