Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар зинаи 148-ум

ASIA-Plus



Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон ду зина поин рафта, бо 193 имтиёз зинаи 150-умро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад. Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳ чунин  аст: Австралия – зинаи 67-ум (506 имтиёз), Урдун – 82-юм (414 имтиёз), Қирғизистон – 105-ум (324 имтиёз) ва Бангладеш – 177-ум (100 имтиёз).

Бозиҳои хотимавии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» санаи 24 март

дар меҳмонӣ бо тими Австралия

ва ва 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи Қирғизистон баргузор мешаванд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2003 бо касби зинаи 180-ум ба қайд гирифта шудааст. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...