Ҳалокати марзбони тоҷик зимни муқовимат бо толибон

ASIA-Plus



Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид.

Гуфта мешавад, ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои узви ин даста  мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд.

«Мутаассифона, дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳонаи қочоқчиён хизматчии ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ прапоршик Сафолов Сӯҳроб Зардович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон амалиёт оид ба дастгир ва безарар гардонидани ин гурӯҳи террористӣ идома дорад.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ изҳор менамояд, ки ашхоси дар ин ҳодиса дастдошта пурра муайян ва нисбат ба онҳо дар асоси талаботи қонунгузории ҶТ чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Афғонистон, ин гурӯҳи мусаллаҳе, ки бо марзбонони тоҷик дар муқовимат шуд, ба ҳаракати ифротгарои «Толибон» мансуб будааст.

Амонуддин Қурайшӣ, раиси ноҳияи Имом Cоҳиби Кундуз дар мусоҳиба ба ВАО зикр кардааст, ки ин қитъаи марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати ҷангиёни Толибон қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҷангиёни ҳаракати ифротгаро қариб 30%-и қаламрави вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундузро таҳти назорат доранд.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...