Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ якчанд нафарро ба гумони даст доштан дар рабудани автомашинаҳо дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 14 март бо гумони рабудани воситаҳои нақлиётӣ ду бародарони 25-сола ва як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, инчунин ду сокини 25 ва 27-солаи ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.
Чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян намуданд, ки гумонбаршудагон дар рабуда шудани автомашинаи марди 35-солаи сокини ш. Душанбе, тамғаи “ВАЗ-21014”, ки шаби 09 ба 10-уми марти соли ҷорӣ дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, даст доранд.
Ҳамин тариқ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша рӯзи 01.01.с.2016, автомашинаи шахсии тамғаи “Опел-Астра”-и марди 28-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ш.Душанбе, шаби 22 ба 23.02.с.2015, автомашинаи тамғаи “Чанху”-и марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, шаби 20.02.с.2015, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро рабудаанд. Зарари расонидашуда ба ҷабрдидагон беш аз 70000 сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дошта, даст доштани гурӯҳи мазкур ба дигар ҷиноятҳо ва дигар иштирокчиёни он муайян карда мешавад.
Зимни як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯии дигар кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт ду нафар ҷавони 19 ва 20-солаи сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”-ро, ки ба марди 25-солаи сокини ш.Душанбе тааллуқ дорад, рӯзи 15.03.с.2016, соати 24:00, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.





