Дастрас шудани ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон қариб ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет, аз ҷумла операторони мобилӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, ВКонтакте ва видеохостинги Youtube-ро таъмин намуданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки аз дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз шомгоҳон огаҳ шудаанд. Хабари дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ корбаронро хурсанд кард, зеро барои истифодаи прокси ва VPN ҷиҳати дастрасӣ […]

ASIA-Plus



Дар Тоҷикистон қариб ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет, аз ҷумла операторони мобилӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Facebook, ВКонтакте ва видеохостинги Youtube-ро таъмин намуданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки аз дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз шомгоҳон огаҳ шудаанд. Хабари дастрас шудани сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ корбаронро хурсанд кард, зеро барои истифодаи прокси ва VPN ҷиҳати дастрасӣ ба сомонаҳо қисмати зиёди трафик масраф мегардид.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр, рӯзи оғози исёни генерали Вазорати мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ комилан қатъ гардида буд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 Хадамоти алоқа даст доштани худ дар қатъ гардидани дастрасӣ ба сомонаҳоро инкор карда буд. Аз ҷумла муовини сардори Хадамоти алоқа Татяна Холмуродова дар ин робита изҳор намуда буд, ки онҳо барои қатъ гардинаи дастрасӣ ба сомонаҳо ҳеҷ дастуре надодаанд.

«Касе мегӯяд, ки Хадамоти алоқа ба бастани сомонаҳо дастур додааст, оё ягон тасдиқи ҳуҷҷатӣ ба ин гуфтаҳояшро дорад? Бигзор нишон диҳанд. Ягон шаҳрванд дар бораи баста шудани сомонаҳо шикоят накардааст, аз ин рӯ, ба гардани Хадамоти алоқа бор кардани ин гуноҳ дурӯғи маҳз аст», – таъкид дошта буд Холмуродова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пешниҳоди Қазоқистон ба Тоҷикистон барои содироти бештари ғалла

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.