Тоҷикдухтар зеботарин донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Беларус эътироф шуд

Донишҷӯдухтар аз Тоҷикистон Ёсамин Мӯсоева, ки дар Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил мекунад, дар озмуни зебогии «Miss Inrnational BSU-206» пирӯз дониста шуд. Бино ба маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Беларус, ин озмуни миёни донишҷӯдухтарони кишварҳои хориҷии муассисаи таълимӣ гузаронида шудааст. Гуфта мешавад. рӯзи 17 март қисмати ниҳоии озмун доир гардида, дар […]

ASIA-Plus



Донишҷӯдухтар аз Тоҷикистон Ёсамин Мӯсоева, ки дар Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил мекунад, дар озмуни зебогии «Miss Inrnational BSU-206» пирӯз дониста шуд.

Бино ба маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Беларус, ин озмуни миёни донишҷӯдухтарони кишварҳои хориҷии муассисаи таълимӣ гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад. рӯзи 17 март қисмати ниҳоии озмун доир гардида, дар он 8 нафар довталабон аз Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Нигерия ва Туркманистон ширкат варзидааанд ва ҳакамон ба маҳорату малакаҳои гуногуни донишҷӯдухтарон аз қабили рафтор дар ҷамъи мардуми зиёд, латофату назокат, қобилияти андешаронӣ, сарулибос, сатҳи дониши онҳо дар равоншиносӣ, тиҷорат, фарҳанги кишвари худ ва ғайра баҳогузорӣ кардаанд.

Тибқи натиҷагирии ҳакамони озмун, донишҷӯдухтар аз Тоҷикистон Ёсамин Мӯсоева, ки донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳ аст, ғолиб эътироф гардидааст. Ҳамчунин Ёсамин дар номинатсияи «Miss Online International» (аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Вконтакте) низ пирӯзӣ ба даст овардааст.

Дар ин маросим намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвари Беларус низ ширкат варзидаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки айни замон дар Донишгоҳи давлатии Беларус беш аз 2300 нафар донишҷӯён аз 50 кишвари хориҷӣ таҳсили илм мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.