Озмуни хона ва оилаи намунавии кишвар идома дорад

Рӯзи 28 апрел ҷаласаи навбатии Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои муайян кардани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор […]

АМИТ «Ховар»



Рӯзи 28 апрел ҷаласаи навбатии Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои муайян кардани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ҳадафи Мусобиқаи мазкур амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди кишвар, инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор мегардад.

Мусобиқа дар давоми моҳҳои март-августи соли ҷорӣ дар 4 марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи якум аввали моҳи май ҷамъбаст ва ғолибони он охири моҳи май  мукофотонида мешаванд. Марҳилаи дуюм аввали моҳи июл ҷамъбаст ва ғолибон охири моҳ мукофотонида мешаванд. Ғолибони марҳилаи якуму дуюм – хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, шаҳру ноҳияи беҳтарин ба марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоят роҳ меёбанд. Ин марҳила то даҳаи якуми моҳи август ҷамъбаст ва ғолибони он мукофотонида мешаванд.  Ғолибони ин марҳила барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии чорум ҳуқуқ пайдо мекунанд. Марҳилаи чорум дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе то 20 августи соли равон ҷамъбаст мегардад.

Ба ғолибони ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат мукофотҳо тақдим карда мешаванд.

Дар ҷаласаи Комисияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ намунаи ҷоизаҳо, ки  аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта ва бо зарҳал ҳаккокӣ мегаданд, инчунин  нишони хотиравӣ(вимпел) тасдиқ карда шуданд.

Азим Иброҳим  ба аъзоёни Комиссия оид ба ҷоннок кардани фаъолияташон ҷиҳати баргузории марҳилаҳои ин Мусобиқаи бонуфуз дар маҳалҳо супоришҳои мушаххас дод.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.