Футболбоздухтарони тоҷик дар даври ниманиҳоии мусобиқаи минтақавии Осиё

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ мушарраф шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, духтарони футболбози тоҷик бозии даври севумро бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд. Ин бозии […]

ASIA-Plus



Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ мушарраф шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, духтарони футболбози тоҷик бозии даври севумро бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд. Ин бозии гурӯҳи “А”, ки дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, баргузор шуд, бегоҳи панҷшанбеи 28 апрел ба поён расид. Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Эрон бар дастаи Бутан бо ҳисоби бузурги 7:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дувум шуд. Бутан бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи охирин – чорум – қарор гирифтанд.

Мунтахаби Бангладеш, ки дастаи Непалро бо ҳисоби хеле бузурги 9:0 шикаст дод, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро азони худ кард. Ҳиндустон бо се имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шуд. Непал бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Ҳамин тариқ, бозиҳои ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи шанбеи 30 апрел баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе, тимҳои Эрон ва Ҳиндустон дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, рақобат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.