Таъсиси Шӯрои ҷавонони тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта

Ахири ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода ҷаласаи якуми тадорукотии Шӯрои «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-ро баргузор кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, ба ҳайати Шӯро намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода ҷаласаи якуми тадорукотии Шӯрои «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-ро баргузор кард.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, ба ҳайати Шӯро намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷавонони донишҷӯи муқими хориҷи кишвар шомил гардиданд.

Ҳадаф аз таъсис Шӯро дастгирии маънавию иҷтимоии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, мусоидат ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар ин самт унвон мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз беш аз 30 ҳазор ҷавонони тоҷикистонӣ дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.