К.Шарипов: Иҷорадеҳ тоҷикро бо корд захмӣ кард

Роҳбари Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов изҳор доштааст, ки дар қаламрави маркази савдои «Москва» дар Люблино иҷорадеҳ шаҳрванди Тоҷикистонро бо корд захмӣ кардааст. Бино ба иттилои сомонаи ташкилот , шаҳрванди Тоҷикистонро озарбойҷонӣ захмӣ намуда, ӯ ба бемористон мунтақил шудааст. «Албатта, ҷинояткор миллат надорад, аммо дар ин ҳолат миллати ҷинояткор муҳим аст, чунки […]

ASIA-Plus



Роҳбари Ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов изҳор доштааст, ки дар қаламрави маркази савдои «Москва» дар Люблино иҷорадеҳ шаҳрванди Тоҷикистонро бо корд захмӣ кардааст.

Бино ба

иттилои сомонаи ташкилот

, шаҳрванди Тоҷикистонро озарбойҷонӣ захмӣ намуда, ӯ ба бемористон мунтақил шудааст. «Албатта, ҷинояткор миллат надорад, аммо дар ин ҳолат миллати ҷинояткор муҳим аст, чунки корфармои тоҷик шаҳрванди Чин мебошад, ки ба ин ҷиноят даст надорад», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, ин ҷиноят паҳлӯи маънавӣ ҳам доштааст, ки «номаш хиёнат аст». «Ба шаҳрванди Тоҷикистон намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав хиёнат карданд, ки ба сафорати Тоҷикистон дар Русия фарзияи бардурӯғи ҳодисаро хабар дода, гуфтаанд, захмишуда «дузд» аст. Иҷорадеҳи амволашро дуздида, аз қафои ин дузд давида, дар назди метрои «Люблино»  ба ӯ мерасад ва бо корд зарба мезанад», – қайд кардааст Шарипов.

Ба андешаи К.Шарипов, «намояндагони хадамоти муҳоҷират дар Маскав дурӯғ мегӯянд ва бо як мақсад ба ҳамватани худ хиёнат мекунанд – пинҳон нигоҳ доштани содир шудани ҷиноят дар қаламрави маркази савдои «Москва».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.