Қатъи фаъолияти ҳамаи мадрасаҳои вилояти Суғд

Мавлуда Рофиева



Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор кард, ки ҳамаи мадрасаҳои қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, ки қаблан фаъолияташон муваққатан боздошта шуда буд, баста шуданд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки фаъолияти ҳамаи панҷ мадраса дар вилояти Суғд моҳи июни соли 2013 мутаваққиф шуда буд. «Фаъолияти ин мадрасаҳо то аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас шудани иҷозатнома аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва розигии сохторҳои дахлдор боздошта шуда буд», – гуфт С.Рустамзода.

Ба қавли номбурда, дар робита ба мутобиқат накардани оинномаи ин муассисаҳои таълимӣ ба талаботи муқарраршудаи таҳсил дар мадрасаҳо, дигарбора ба онҳо барои фаъолият иҷозатнома дода нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ расман 6 мадраса амал мекарданд, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошта, 1-тои он дар шаҳри Турсунзода амал мекунад.

Зимни нишасти хабарии соли гузашта, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов ба масъалаи мазкур

каме рӯшанӣ андохта

, зикр карда буд, ки мадрасаҳо бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёрҳои байнулмилалӣ, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмро дарёфт накардаанд ва аз ин рӯ, фаъолияти онҳо қатъ шудааст.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...