Дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардида, қайд шуд, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ марзбонони тоҷик беш аз 695 килову 732 грамм маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намудаанд.
Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 151 далели марзшиканӣ, 66 ҳолати риоя нашудани реҷаи сарҳадӣ ба қайд гирифта шуда, 121 нафар марзшиканон ва 83 нафар вайронкунандагони қоидаҳои реҷаи сарҳадӣ боздошт шудаанд.
Дар ин давра дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 15 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 7 кӯшиши марзшиканӣ пешгирӣ, 16 нафар қочоқбарони маводи мухаддир боздошт, 7 нафар марзшиканон кушта ва 2 марзшикан маҷрӯҳ шудаанд.
Тайи ним сол марзбонон 19 адад силоҳи оташфишон ва 415 дона тиру муҳимоти гуногуни ҷангӣ ва 297 кило маводи таркандаро дарёфт ва мусодира кардаанд.
Дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар марзбонон дар ин давра 29 амалиёти махсус гузаронидаанд, ки 12-то аз ин амалиёт бо КДАМ Тоҷикистон амалӣ шудааст.





