Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода санаи 20 июли соли 2016 бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Беларус Аркадий Шклаяр дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ муҳокима намудани масъалаҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар омӯзиш ва таҳияи сиёсат дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон буд.
Қайд мешавад, ки донишкадаи мазкур дар миқёси давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) донишкадаи заминавӣ буда, дар он мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбии давлатҳои (ИДМ) ба бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Гуфта мешавад, тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва бозомӯзии роҳбарони муассисаҳои системаи таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат, инчунин таҳия намудани нақшаи таълимӣ ва барномаҳо дар асоси талаботи бозори меҳнат, стандартҳои касбӣ ва расонидани кумаки методӣ дар ташкили раванди таълиму тарбия иброз намуданд.





