Майдончаҳои варзишии Душанбе пулакӣ мешаванд

Дар ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки рӯзи 15 август доир гардид, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки тариқи мақомоти судӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ маблағи хароҷотеро, ки аз буҷети шаҳр барои кӯчонидани иншоот ва биноҳои ғайриқонунӣ сохташуда ҷудо шуда буд, ҷуброн намоянд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки рӯзи 15 август доир гардид, раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки тариқи мақомоти судӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ маблағи хароҷотеро, ки аз буҷети шаҳр барои кӯчонидани иншоот ва биноҳои ғайриқонунӣ сохташуда ҷудо шуда буд, ҷуброн намоянд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ҳамчунин ба мақомоти дахлдори шаҳр супориш додааст, ки масъалаи ҷорӣ кардани пардохти муайян барои истифодаи иншооти варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳрро, ки аз ҳисоби буҷети пойтахт сохта шудаанд, низ баррасӣ ва ҳаллу фасл созанд.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт ҳамчунин таваҷҷуҳи раисони ноҳияҳои шаҳрро ба масъалаҳои сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи истиқлолияти давлатии кишвар, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳр, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва роҳ надодан ба изофанависӣ зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҷалб намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.