Намояндаи 6-уми Тоҷикистон низ аз идомаи мусобиқа дар Олимпиада маҳрум шуд

Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар сабқати интихобии варзиши сабук оид ба давидан ба масофаи 200 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ охирин шуд ва аз ҳаққи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти […]

Asia--Plus



Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар сабқати интихобии варзиши сабук оид ба давидан ба масофаи 200 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ охирин шуд ва аз ҳаққи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти интихобӣ оид ба варзиши сабук рӯзи 15 август дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро барпо гардид. Кристина Пронженко дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр дар гурӯҳи 9-ум таҳти рақами 1239 дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,53 сония дар мақоми охирин қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Офонайм Одионг аз Баҳрайн бо натиҷаи 22,74 сония ғолиб шуд.

Умуман, дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр ҳамагӣ 72 даванда ширкат дошт. Натиҷаи нишондодаи Кристина танҳо аз се нафари онҳо аз Наҷима Павин (Покистон, 26,11), Ҳассан Маргрет (Судани Ҷанубӣ, 26,99) ва Абдул Раҳим Маизираҳ (Бруней, 28,02) беҳтар аст.

Ҳамин тариқ, Кристина Пронженко дар ҷойи 69-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ ва идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко(давидан ба масофаи 200 метр) – ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Умеди охирин ба гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аст. Ин варзишгари 34-сола бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Сабқати интихобии гурзандозӣ рӯзи 17 август баргузор мешавад. Дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.