Ифтитоҳи 9 иншоот дар пойтахт бо иштироки президент

Date:

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 иншоот ба маблағи 239 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки майдони умумии манзилҳои нав 43 ҳазор ва марказҳои савдову хизматрасонӣ – 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,имрӯз дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки боо маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои боғчаи кӯдакона, маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна ва дигар шароити замонавӣ барои зист мебошад.

Биноҳои муосири 12-ошёна бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохта шуда, манзилҳои истиқоматӣ, аз як то панҷҳуҷрадор ва дар маҷмуъ 174 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд.

Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат муассисаҳои томактабӣ – 280 ҷой, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 1200 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд. Шумораи коргарон дар вақти сохтмон 1500 нафар ва баъди сохтмон беш аз 2100 нафарро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...