Оғози амалиётҳои интиқоли пул дар «Тоҷиксодиротбонк»

Date:

Маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар бораи аз 1 сентябри соли ҷорӣ барқарор кардани амалиётҳои интиқоли пул хабар медиҳад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» қайд мешавад, ки маъмурияти муваққатии бонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён силсилаи чорабиниҳоро амалӣ менамояд.

«Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ амалиётҳои интиқоли пули дар ҳамаи филиалҳои бонк роҳандозӣ гардида, акнун шаҳрвандон метавонанд тавассути филиал ва марказҳои хизматрасонии Тоҷиксодиротбонк, вобаста аз имкониятҳои мавҷудбудаи филиал, интиқоли маблағро ба воситаи низомҳои байналмилалии “Золотая Корона”, “Контакт”, “Юнистрим”, Western Union, Interexpress ва Caspian Money Transfer маблағҳои интиқолии худро аз хориҷи кишвар тавассути ин низомҳо дастрас намоянд», – омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» дар вазъи душвори молӣ қарор дорад. Дар робита ба норасоии захирахои молӣ бонк дар ҳаҷми пурра ва саривақт наметавонад хизматгузориҳояшро ба мизоҷон анҷом диҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки ахиран мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.

Қаблан  иттилоъ дода будем , ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

1 КОММЕНТАРИЙ

  1. Kay foizhoro medihand??? Depozithoro chi?????? Iltimos AsiaPlus, habare ki shumo navisted yagon ma’no nadorad. Mohi may allakay in habar bud, vale hamash durug!!! Baroi chi pulhoro raisi peshtara nobud kard??? Mard shudan darkor to ohira!

Leave a Reply to Zimiston Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...