Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қочоқчии навбатӣ кушта шуд

Дар яке аз минтақаи зертобеъи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби сарҳадбонон пешгирӣ карда шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба корманди маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев, 5 сентябр гурӯҳи номаълуми қочоқчиёни мусаллаҳи афғон иборат аз 5 нафар […]

АМИТ «Ховар»

Дар яке аз минтақаи зертобеъи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби сарҳадбонон пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба корманди маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев, 5 сентябр гурӯҳи номаълуми қочоқчиёни мусаллаҳи афғон иборат аз 5 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз тарафи сарҳадбонон ба мушоҳида расид. Қочоқчиён ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд ва, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Гуфта мешавад, сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон дода, дар натиҷа як нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуд. Боқимонда ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 39 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК 7,62 сохти хориҷӣ, 146 дона тири қутраш 7,62 бо 5 адад тирдон, 1 адад телефонии мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.