Шиносномаи тоҷикии террористи ба таркиш дастдошта назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек

Ҷангии маргталаб, ки назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек ба амали террористӣ даст зада буд, ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Зоир Халилов шиноснома доштааст. Бино ба маълумоти ВАО бо истинод ба хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон, амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар ин кишварро узви “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” бо фармоиши гурӯҳҳои террористии уйғурии дар Сурия амалкунанда, ки […]

Asia-Plus

Ҷангии маргталаб, ки назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек ба амали террористӣ даст зада буд, ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Зоир Халилов шиноснома доштааст.

Бино ба маълумоти ВАО бо истинод ба хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон, амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар ин кишварро узви “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” бо фармоиши гурӯҳҳои террористии уйғурии дар Сурия амалкунанда, ки бо гурӯҳи “Ҷабҳат-а-Нусра” робита доранд, содир кардааст.

Гуфта мешавад, ҷангимаргталаб узви созмони байнулмилалии террористии “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” дар Сурия буда, уйғур аст ва бо худ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, силсилаи “М 626881” ба номи Халилов Зоир, санаи таваллуд 15.01.1983-ро доштааст”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки зодаи Ош Иззотилло Саттибаев, ки дар давраҳои омодагии террористӣ дар Сурия таълим гирифтаасту рӯзи 16 июн бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Қирғизистон омадааст, низ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.