Чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт ба ифтихори 25-солагии Истиқлолият

Чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз субҳи имрӯз оғоз гардида, 8 сентябр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад. Рӯзона дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони аҳли […]

Asia-Plus

Чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз субҳи имрӯз оғоз гардида, 8 сентябр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад.

Рӯзона дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони аҳли ҷомеа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор мешавад. Дар анҷоми ҷамъомад консерти идона доир мегардад.

Шомгоҳон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ намоишгоҳи театрикунонидашуда барпо мешавад, ки 1,5 соат идома ёфта, бо мушакпарронӣ (фейерверк) ба итмом мерасад.

Рӯзи 9 сентябр ба муносибати ҷашни Истиқлолият сайругашти оммавии сокинони шаҳр доир гардида, дар он иштироки ҳудуди 60 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар назар аст. Иштирокчиёни раҳпаймоии идона субҳи рӯзи 9 сентябр аз майдони “Дӯстӣ” гузашта, онҳоро раҳбарияти олии кишвар шодбош хоҳад гуфт.

Рӯзи 10 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” иди оши палав баргузор шуда, ошпази беҳтарини ин таъом муайян карда мешавад. Дар ин чорабинӣ низ иштироки раҳбарияти кишвар пешбинӣ шудааст.

Санаи 11 сентябр президенти мамлдакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба вилояти Суғд раҳсипор мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият ва Иди Қурбон шаҳрвандони Тоҷикистон муддати 4 рӯз – аз 9 то 12 сентябр истироҳат мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.