Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд: – Субҳи ҳамин рӯз дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад; – Рӯзона дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони корпусҳои дипломатии муқими […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд:

– Субҳи ҳамин рӯз дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад;

– Рӯзона дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони аҳли ҷомеа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор мешавад;

– Шомгоҳон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ намоишгоҳи театрикунонидашуда барпо мешавад, ки 1,5 соат идома ёфта, бо мушакпарронӣ (фейерверк) ба итмом мерасад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8711 сомонӣ;

1 евро – 8.8558 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1193 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ.

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон.

2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ вазири фарҳанги ҶТ Абдураҳим Раҳимов ба ҳалокат расид.

2006 — Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ нерӯгоҳи оби барқии «Пшихарв» ба истифода дода шуд.

2006 — Дар Душанбе Ҳамоиши VI тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор шуд.

2009 — Ба сохтмони нахустин Маркази барқу гармидиҳӣ дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Лучоби Душанбе бо истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ санги асос гузошта шуд.

1912-1984 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Николай Лепник-Мировский.

1944 – Мавлуди муаррих Ғолиб Ғолибов.

1959 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сарояндаи эстрада Далер Назаров.

1959 – Мавлуди журналист Абдулҷон Ҳасанов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.