Таҷлили ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Теҳрон

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон, чорабинии идона ва зиёфати расмӣ бо иштироки намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҶИЭ, масъулини вазорату идораҳои гуногун, намояндагони доираҳои бозаргонӣ, расонаҳои маҳаллӣ ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик барпо гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии […]

Иттилоияи расмӣ

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон, чорабинии идона ва зиёфати расмӣ бо иштироки намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҶИЭ, масъулини вазорату идораҳои гуногун, намояндагони доираҳои бозаргонӣ, расонаҳои маҳаллӣ ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик барпо гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶИЭ Неъматулло Эмомзода зимни суханронӣ аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолиятро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои кишварро дар ин давра таъкид намуд.

Сафир зимни ёдоварӣ аз равобити дӯстонаи Тоҷикистону Эрон  зикр кард, ки “бо саъю талоши муштарак,  мо қодирем ҳамшарикии ҶТ ва ҶИЭ-ро бомуваффақият идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи кишварҳову мардумонамонро ба зинаҳои баландтар бирасонем.”

Ҳамчунин, вазири нерӯи ҶИЭ, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ҶТ ва ҶИЭ Ҳ.Читчиён, муовини вазири умури хориҷа И.Раҳимпур, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон А.Шабистарӣ зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархунда табрику таҳният гуфтанд.

Дар ҳошияи барнома гӯшае вобаста ба Тоҷикистон ташкил карда шуда, аксҳои манзараҳои зебои кишвар, китобҳо дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, анвои либосҳои миллӣ ва намунаи асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, инчунин, маводҳо оид ба имкониятҳои гардишгарии кишвар ва маҷаллаи тозаинтишорнамудаи Намояндагӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ пешкаши меҳмонон карда шуданд. Ҳамчунин, филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият ва зарфияту имконоти гардишгарии кишвар намоиш дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.