“Cаводнокии молиявӣ”: Дуруст интихоб намудани ташкилоти молиявию қарзӣ барои ҳамкорӣ

Агар Шумо барои оғози ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявию қарзӣ ба қарор омадед, пеш аз ҳама номгӯи хизматрасониҳои муҳимро муайян намоед. Бо ин роҳ Шумо ТМҚ-и муносибро интихоб карда метавонед. Фарз кардем: Шумо мехоҳед ҳисоби депозитӣ кушода ба он 10000 сомониро гузоред. Дар ин ҳолат  Шумо метавонед ба ду намуди муассисаҳои молиявӣ: Бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои […]

Агар Шумо барои оғози ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявию қарзӣ ба қарор омадед, пеш аз ҳама номгӯи хизматрасониҳои муҳимро муайян намоед. Бо ин роҳ Шумо ТМҚ-и муносибро интихоб карда метавонед.

Фарз кардем: Шумо мехоҳед ҳисоби депозитӣ кушода ба он 10000 сомониро гузоред. Дар ин ҳолат  Шумо метавонед ба ду намуди муассисаҳои молиявӣ: Бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) муроҷиат кунед. Дигар намуди муассисаҳои молиявӣ ҳуқуқ ба ҷалби амонатҳо надоранд.

Меъёрҳои интихоби ТМҚ-и мувофиқ гуногунанд, мо меъёрҳои асосиро ба Шумо ёдрас мекунем.

– Дар рӯйхати ТМҚ будани хизматрасониҳои зарурӣ

– Шароитҳои манфиатноки маҳсулот ва хизматрасонӣ

– Хадамоти босуръат

– Маълумотҳои дастрас оид ба ТМҚ барои мизоҷон

– Шабакаи муносиби филиалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ

– Ҷойгиршавии муносиби банкоматҳо ва терминалҳо

– Босубот ва устувории молиявӣ.

– Обрӯи аълои ТМҚ ва таҷрибаи корӣ дар бозори молиявӣ

– Дигар меъёрҳо (мувофиқи талаботи Шумо)

Дар маводи оянда  мо мавзӯро идома дода,  ҳангоми интихоби ТМҚ ба чӣ бояд аҳамият дод, сухан мегӯем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.