КДАМ: Ҳамаи хатти марз бо Афғонистон ҷиддӣ таҳти назорат аст

– Марзбонони тоҷик аз ҷараёни ҳодисаҳо дар вилояти Қундузи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз буда, дучори ҳамлаи ҷангиёни «Толибон» шуд, хуб огаҳӣ дошта, ҳамаи хатти марз бо Афғонистон ҷиддӣ таҳти назорат аст», – гуфт ба «Азия-Плюс» сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев. «Марзбонони тоҷик мудом дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд. Ҳамаи гузаргоҳҳои […]

Asia-Plus

– Марзбонони тоҷик аз ҷараёни ҳодисаҳо дар вилояти Қундузи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз буда, дучори ҳамлаи ҷангиёни «Толибон» шуд, хуб огаҳӣ дошта, ҳамаи хатти марз бо Афғонистон ҷиддӣ таҳти назорат аст», – гуфт ба «Азия-Плюс» сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

«Марзбонони тоҷик мудом дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд. Ҳамаи гузаргоҳҳои назоратӣ мувофиқи реҷаи маъмулӣ фаъолият доранд. Тайи 15 рӯзи ахир дар марз қонуншиканиҳо, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир низ  ба қайд гирифта нашудааст», – қайд кард Улуғхоҷаев ва  бори дигар итминон дод, ки тамоми хатти марзи давлатӣ таҳти назорати ҷиддии сарҳадбонон қарор дорад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, даргирӣ миёни нерӯҳои Афғонистон ва Толибон дар шаҳри шимолии Қундуз ҷараён дошта, мақомот рӯзи 4 октябр гуфтанд, ки даргириҳо ҳанӯз ҳам дар канораҳои Қундуз ҷараён доранд ва маркази шаҳр аз ҷангиёни Толибон пок карда шудааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ дар хонаҳои мардум паноҳ бурда, пешрафтро оҳиста ва душвор кардаанд.

Гуфта мешавад, раиси пулиси Қундуз Муҳаммад Қосим Ҷангалбоғ гуфтааст, дар ин даргириҳо "садҳо" ҷангӣ ва се узви нерӯҳои амнияти ҳукумат кушта шуданд. Ҳамлаи Толибон дар остонаи конфронси донорҳо дар Брюссел оғоз шуд, ки қарор аст дар он шарикони байналмилалии Афғонистон масъалаи кумак ба ин кишварро матраҳ кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.