Ҳилола Егороваро аз писархондаш ҷудо мекунанд

Баъди 15 рӯз 3 нафар кӯдакони тоҷик, аз ҷумла тифли 6-моҳа, ки мақомот ғайриқонунӣ барои тарбияву ба воя расонидан ба як оилаи рус дода буданд, аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Котиби матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мақомоти парастории Русия кӯдаки 6-моҳаро, ки модараш – […]

Asia-Plus

Баъди 15 рӯз 3 нафар кӯдакони тоҷик, аз ҷумла тифли 6-моҳа, ки мақомот ғайриқонунӣ барои тарбияву ба воя расонидан ба як оилаи рус дода буданд, аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Котиби матбуотии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мақомоти парастории Русия кӯдаки 6-моҳаро, ки модараш – шаҳрванди Тоҷикистон аз тарбияаш даст кашидааст, ғайриқонунӣ ба сокини шаҳри Маскав Ҳилола Егорова додаанд ва баъди муроҷиати сафорат ба Вазорати корҳои хориҷии Русия, суди шаҳри Маскав дар бораи ба Тоҷикистон баргардонидани кӯдак қарор содир намуд.

«Қонунҳои Тоҷикистон барои шаҳрвнадони хориҷӣ кӯдаконро ба фарзандӣ гирифтанро манъ мекунанд. Аз ин рӯ, намояндагони консулгарӣ барои баргардонидани ӯ ба ватан муроҷиат намуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳо аллакай омода шудаанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки 3 нафар кӯдакон, аз ҷумла 2 нафари дигар, ки дар муассисаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони ашҳри Маскав қарор доштанд, ба Душанбе баргардонида мешаванд. «Онҳо ҳамин сол ба дунё омада, комилан солиманд», – илова кард Сарвар Бахтӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад.

Дар навбати худ, сокини шаҳри Маскав Ҳилола Егорова, ки ин кӯдакро ба фарзандӣ қабул карда буд, ба унвони президенти Тоҷикистон бо нома муроҷиат карда, дархост кард, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.