Шумори ихроҷи тоҷикистониён аз Русия босуръат афзоиш меёбад

Тайи соли хир шумори ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия беш аз 60% афзуд. Дар рӯйхати қонуншиканон дар бахши муҳоҷирати ин кишвар ба аввали моҳи август ҳудуди 325 ҳазор нафар тоҷикистониён шомил буданд, ки ба онҳо дар муддати се сол вуруд ба қаламрави Русия манъ шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин шумор дар ҳамин […]

Asia-Plus

Тайи соли хир шумори ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия беш аз 60% афзуд.

Дар рӯйхати қонуншиканон дар бахши муҳоҷирати ин кишвар ба аввали моҳи август ҳудуди 325 ҳазор нафар тоҷикистониён шомил буданд, ки ба онҳо дар муддати се сол вуруд ба қаламрави Русия манъ шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин шумор дар ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 130 ҳазор нафарро ташкил медод.

Бино ба иттилои мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, аввали соли 2015 ба қонунгузорӣ дар бахши муҳоҷирати Русия як қатор тағйирот ворид карда шуд, ки ин ҳузури шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро каме мушкил сохта, дар ҳамин ҳол, на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин қонунгузорӣ хуб сарфаҳм мераванд.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз коршиносон бар ин назаранд, ки ихроҷи босуръати муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба хоҳиш надоштани Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё вобаста буда, ин як нафъ фишореест ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода эътироф кард, ки дар баробари сармоягузориҳои асосии давлатӣ, қаблан интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ сарчашмаҳои асосии рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.