Имзои Нақшаи ҳамкорӣ миёни Шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Русия

Дар Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни ҷаласаи машваратӣ масоили вобаста ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъсир ва пайомадҳои он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, танзим ва дастгирӣ кардани муҳоҷирони […]

АМИТ «Ховар»

Дар Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни ҷаласаи машваратӣ масоили вобаста ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъсир ва пайомадҳои он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, танзим ва дастгирӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия фаъолият доранд, мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуданд.

Дар доираи ҷаласаи машваратӣ мулоқоти хосаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев баргузор гардид. Пас аз мулоқоти мазкур аз ҷониби котибони Шӯрои амнияти ҳар ду кишвар А. Қаҳҳоров ва Н. Патрушев Нақшаи ҳамкорӣ миёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия барои солҳои 2017-2018 ба имзо расид.

Н. Патрушев аз А. Қаҳҳоров даъват кард, ки дар мулоқоти 4-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ИДМ, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок кунад. Иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро низ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба омодагиҳо ба мулоқоти якҷояи вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ), ки пас аз чанд рӯз дар пойтахти Арманистон баргузор мешавад, изҳори назар карданд.

Хотиррасон мекунем, ки дар ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ҳамчунин намояндагон аз вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати мудофиа ва дастгоҳи Президенти Федератсияи Русия иштирок доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.