Ҳалокати 14 нафар дар ҳамла ба азодорони маросими «Ошӯро» дар Кобул

Дар ҳамла ба азодорони маросими "Ошӯро" дар зиёратгоҳи Сахӣ дар шаҳри Кобул 14 нафар кушта шуда ва 36 тани дигар захм бардоштаанд. Даргириҳо дар ин зиёратгоҳ ба кушта шудани ҳамлаварон ба поён расидааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон дар гуфтугӯ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки эҳтимол дорад шумораи қурбониёни ин ҳодиса […]

Радиои Озодӣ

Дар ҳамла ба азодорони маросими "Ошӯро" дар зиёратгоҳи Сахӣ дар шаҳри Кобул 14 нафар кушта шуда ва 36 тани дигар захм бардоштаанд. Даргириҳо дар ин зиёратгоҳ ба кушта шудани ҳамлаварон ба поён расидааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон дар гуфтугӯ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки эҳтимол дорад шумораи қурбониёни ин ҳодиса аз ин бештар бошад.

Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳамзамон эълон кардааст, ки ҳамла аз сӯи як нафар марди мусаллаҳ анҷом шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, ки шумораи ҳамлаварон се нафар будааст. Абдураҳмон Раҳимӣ, фармондеҳи пулиси шаҳри Кобул низ ба расонаҳои он кишвар гуфта буд, ки чаҳор ҳамлавар дар ин ҳодиса даст доштанд ва нерӯҳои амниятӣ ҳамаи онҳоро ба қатл расонданд.

Зиёратгоҳи Сахӣ дар ҳавзаи савуми амниятии Кобул дар минтақаи Кортаи Сахии пойтахти Афғонистон воқеъ мебошад. Ҳамла ба маҳали сугвории шиаиён бо таркише дар наздикии он асри рӯзи гузашта оғоз шуд. Пеш аз ин як мақоми баландпояи амниятии Афғонистон аз касоне, ки мехостанд дар маросими Тосуъо ва Ошӯро ширкат кунанд, тақозо карда буд, ки танҳо дар масҷидҳо нишастҳои азодорӣ баргузор кунанд ва дар хориҷ ҳаққи баргузор кардани чунин маросимҳоро надоранд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи Сахӣ дар Кобулро ба ӯҳда нагирифтааст.

Шиаиён дар Афғонистон аққалият мебошанд ва дар мавриди шумораи онҳо низ омори гуногун вуҷуд дорад. Бар асоси омори як маркази таҳқиқотӣ дар Вошингтон, ҳафт дарсади мардуми ин кишвар шиа ҳастанд. Аммо тибқи бархе таҳқиқот дар дохили худи Афғонистон, шумораи шиамазҳабон 20 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд. Аксарияти шиаҳои афғон аз ҳазораҳо ва тоҷикҳо мебошанд.

Тибқи ривоятҳои исломӣ, шиаҳо рӯзи "Ошӯро"-ро барои он бузургдошт мекунанд, ки дар ин рӯз Ҳусайн – набераи ҳазрати Муҳаммад, паёмбари ислом, бо 72 тан аз ёронаш ба шаҳодат расиданд. Аз ин рӯз дар Афғонистон ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ маросимҳои хоси додани садақа ва рафтан ба зиёратгоҳҳо баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.