Парвандаи ҷиноии нав нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парванда оғоз кардааст. Бино ба маълумоти хабаргузории TojNews бо такя ба гуфтаҳои наздикони адвокати маъруф, парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр […]

TojNews

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парванда оғоз кардааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории TojNews бо такя ба гуфтаҳои наздикони адвокати маъруф, парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр дар рузи 29-уми сентябр оғоз шудааст.

Онҳо гуфтаанд, он рӯз Б. Ёров зимни ироаи сухани охирини худ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе  дар бораи додараш Ҷамшед Ёров сухан гуфта, шеъри маъруфи Мумин Қаноат “Бародарам”-ро қироат кардааст.

– Айбдоркунандаи давлатӣ аз Ёров талаб кард, ки аз моҳияти масъала берун нарафта, на дар бораи додараш балки дар бораи парвандаи худаш сухан кунад. Дар зимн миёни айбдоркунандаи давлатӣ ва адвокати боздошшуда баҳс ба миёна омада, аз ду ҷониби суханҳои пасту баланд гуфта шуд. Ҷамшед Ёров он рӯз ҳануз дар ҳабс қарор дошт,-иброз доштаанд наздикони адвокати боздошшуда.

Моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлатро пешбинӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.