Ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба беш аз 4,8 млрд. $ расид

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 38 млрд. сомонӣ (беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,7% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар ин давра 20,3% – […]

Asia-Plus

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 38 млрд. сомонӣ (беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,7% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар ин давра 20,3% – ба ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ, 14,9% – ҳиссаи саноат бо шумули энергетика, 14,4% – ба савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо в атарабхонаҳо, 12,3% – ба нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор, 11,7% – ба андозҳо ва 10,8% – ба ҳиссаи сохтмон рост меояд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи то 7% пешбинӣ кардааст. Соли 2015 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6% афзуд.

Чанде пеш дар гузориши моҳи октябри Хазинаи байнулмилалии асъор «Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон» (World Economic Outlook) дурнамои рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон нисбатан беҳтар – дар сатҳи 6% пешгӯӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,2%, сатҳи таваррум – 7%; Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,5%; Хазинаи байнулмилалии асъор рушди ММД Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% ва мизони таваррумро – 8,2% пешгӯӣ мекунанд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сатҳи рушди ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро – 4,8% ва мизони тавррумро – 7,5% пешгӯӣ кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.