Зинаи охирини футболбоздухтарони тоҷик дар CAFA Women’s Cup U-19

Дар мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» аз 15 то 17 октябр дар варзишгоҳи «Жар»-и пойтахти Ӯбекистон баргузор шуд, футболбоздухтарони тоҷик зинаи охирини 4-умро ишғол намуданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозӣ аз дастаҳои Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 8 ва тими Эрон – 0 бар 6 шикаст хӯрда, бозиро бо дастаи […]

Радиои Озодӣ

Дар мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» аз 15 то 17 октябр дар варзишгоҳи «Жар»-и пойтахти Ӯбекистон баргузор шуд, футболбоздухтарони тоҷик зинаи охирини 4-умро ишғол намуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозӣ аз дастаҳои Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 8 ва тими Эрон – 0 бар 6 шикаст хӯрда, бозиро бо дастаи Қирғизистон – 1 бар 1 мусовӣ анҷом дод.

Гуфта мешавад, дастаи мизбон – мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз ғолиби ин мусобиқа гардид. Тими Эрон бо 6 имтиёз мақоми дувумро гирифт.

Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон якимтиёзӣ ба даст оварда, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон мақоми севумро касб кард.

Ба иттилои Қаноат Латифов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19), мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» дар Тошканд барои футболбоздухтарони тоҷик як санҷише буд пеш аз мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола.

Ёдрас мешавад, ки мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола, ки аз 27-ум то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, бо дастаҳои Ӯзбекистон (27 октябр), Тайван (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) бозӣ мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.