Фурудгоҳи Чангии Сингапур беҳтарин дар ҷаҳон дониста шуд

Роҳнамои Guide to Sleeping in Airports рейтинги нави фурудгоҳҳои беҳтарин  ва бадтарин дар соли 2016-ро таҳия намуд. Даҳгонаи беҳтарини фурудгоҳҳои ҷаҳон бар асоси назарсанҷӣ дар сомона тартиб дода шуд, ки дар он корбарон ба фурудгоҳҳо аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ намуданд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти роҳнамои мазкур фурудгоҳи Чангии Сингапур беҳтарин дониста шуд, ки беш аз […]

Asia-Plus

Роҳнамои Guide to Sleeping in Airports рейтинги нави фурудгоҳҳои беҳтарин  ва бадтарин дар соли 2016-ро таҳия намуд. Даҳгонаи беҳтарини фурудгоҳҳои ҷаҳон бар асоси назарсанҷӣ дар сомона тартиб дода шуд, ки дар он корбарон ба фурудгоҳҳо аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ намуданд.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти роҳнамои мазкур фурудгоҳи Чангии Сингапур беҳтарин дониста шуд, ки беш аз 10 сол пешсафи рейтинг аст.

Ба сегонаи беҳтарин фурудгоҳҳои Сеул ва Токио низ шомил гардиданд.

Фурудгоҳи «Ҷидда Шоҳ Абдулазиз» дар Арабистони Саудӣ ва Ҷуба дар Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин Порт-Харкот дар Нигерия аз бадтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон эътироф карда шуданд.

Даҳгонаи беҳтарин фурудгоҳҳо дар ҷаҳон:

1. Фурудгоҳи Чанги дар Сингапур

2. Фурудгоҳи Инчхон дар Кореяи Ҷанубӣ

3. Фурудгоҳи Токио​​​​​​​

4. Фурудгоҳи Тайпейи Тайван​​​​​​​

5. Фурудгоҳи Мюнхен​​​​​​​

6. Фурудгоҳи Осакаи Ҷопон​​​​​​​

7. Фурудгоҳи Ванкувери Канада​​​​​​​

8. Фурудгоҳи Хелсинки​​​​​​​

9.  Фурудгоҳи Таллин

10. Фурудгоҳи Сюрих

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.