Заминҳои водии Данғара ба боғистон табдил меёбанд

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то охири соли 2019 дар бахши агарарии ноҳияи Данғара аз ҳисоби азхудкунии заминҳои лалмӣ беш аз 5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварад. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 22 октябр дар вилояти Хатлон бо ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд. Барои амалисозии лоиҳа 575 млн. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки то охири соли 2019 дар бахши агарарии ноҳияи Данғара аз ҳисоби азхудкунии заминҳои лалмӣ беш аз 5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварад.

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 22 октябр дар вилояти Хатлон бо ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд.

Барои амалисозии лоиҳа 575 млн. сомонӣ маблағ харҷ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Бонки исломии рушд, Фонди Кувайт ва ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ мешавад.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи азхудкунии заминҳои нав дар ноҳияи Данғара соли 2019 ба итмом расида, дар ҷараёни он азхудкунии беш аз 1,7 ҳазор гектар заминҳои нав пешбинӣ шудааст.

Барои азхудкунии заминҳои нав дар водии Данғара аз шоҳканали асосии таъминкунандаи ноҳия бо об истифода хоҳад шуд, ки аз обанбори Норак сарчашма гирифта, ба интиқоли ҳаҷми зарурии об қодир аст.

Афзалияти ин канал дар он аст, ки об тариқи он бидуни кумаки пойгоҳҳои обкашӣ худаш мустақилона ҷорӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.