Ҷавонони тоҷик «Онегин»-ро азёд қироат мекунанд

Дар Театри лӯхтак бо ибтикори Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон барномаи нави «Мутолиаи романи «Евгений Онегин» баргузор шуд, ки аз ҷониби толибилмони мактабҳои шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ таҳия гардида буд. Даҳ нафар аз толибилмону донишҷӯён, ки дар чандин озмунҳо муваффақона ширкат варзидаанд, аз ин романи машҳури Пушкин порчаҳо қироат намуда, ҳамчунин дар фосилаи вақти […]

Манижа Қурбонова, Asia-Plus

Дар Театри лӯхтак бо ибтикори Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон барномаи нави «Мутолиаи романи «Евгений Онегин» баргузор шуд, ки аз ҷониби толибилмони мактабҳои шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ таҳия гардида буд.

Даҳ нафар аз толибилмону донишҷӯён, ки дар чандин озмунҳо муваффақона ширкат варзидаанд, аз ин романи машҳури Пушкин порчаҳо қироат намуда, ҳамчунин дар фосилаи вақти қироатҳои онҳо аз операи ҳамноми оҳангсоз Петр Чайковский порчаҳои мусиқӣ садо доданд.

Ҳамаи толибилмону донишҷӯён намояндагони миллати маҳаллӣ – тоҷикон буда, таваҷҷуҳи онҳо ба забони Пушкину Чехов намунаи ибрати муҳаббат ва писандидани адабиёти рус дар замони мост.

Баргузории барномаи навбатии Ҷамъияти Пушкин аз ҷониби Фонди таҳқиқоти авросиёӣ, Ташкилоти ҷамъиятии кӯдаконаи «ЗАРА», минтақаи истироҳати ш. Норак – ҶДММ «Акваклуб» дастгирӣ ёфта, дар хотими чорабинӣ ба ҳамаи иштирокдорони он туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ба қавли раиси Ҷамъияти Пушкин, омӯзгори мактаби миёнаи №56-и шаҳри Душанбе Татяга Герман, оянда онҳо ният доранд, ки ба ҳамин монанд чорабиние бахшида мутолиаи асари «Капитанская дочка»-ро баргузор кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.