Аз эътибор соқит шудани 261,6 млн. $ қарзи ТАЛКО аз барқ

Давоми 6 соли ахир 261,6 млн. доллари ИМА қарзи Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз истифодаи нерӯи барқ аз эътибор соқит карда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ширкат бо тарифҳои бештар пасттар нерӯи барқ дастрас мекунад. Саривақт пардохт нашудани маблағи истифодаи барқ аз ҷониби ТАЛКО ба он оварда расонид, ки охири нимаи аввали соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми 6 соли ахир 261,6 млн. доллари ИМА қарзи Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз истифодаи нерӯи барқ аз эътибор соқит карда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ширкат бо тарифҳои бештар пасттар нерӯи барқ дастрас мекунад.

Саривақт пардохт нашудани маблағи истифодаи барқ аз ҷониби ТАЛКО ба он оварда расонид, ки охири нимаи аввали соли равон қарзи ширкат назди ШСХК «Барқи тоҷик» ба 468,4 млн. сомонӣ расид.

Дар ҳисоботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ доир ба фаъолияти ТАЛКО давоми солҳои 2010-2015 ва нимаи аввали соли 2016 қайд мешавад, ки ширкат ҳамасола 30% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо бо тарифҳои пасттарин истифода мекунад.

Гуфта мешавад, охири соли 2009 бо қарори ҳукумати ҶТ дар ҳаҷми 50,9 млн. сомонӣ қарзи ширкат ба «Барқи тоҷик» аз эътибор соқит карда шуда,  бо ҳамин миқдор қарзи «Барқи тоҷик» аз андоз низ бекор шуд.

Баъди ду сол бо мақсади дастгирии молиявии ТАЛКО ҳукумат бо ҳамин тарз қарзи ширкат аз барқ дар ҳаҷми 143,7 млн. сомониро бахшида, маблағи зикршуда ба фонди оинномавии ТАЛКО равона гардид.

Аввали соли 2014 боз бо қарори ҳукумат қарзи ширкат назди «Барқи тоҷик» дар ҳаҷми 67 млн. сомонӣ аз эътибор соқит карда шуда, ин воситаҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷуброн шуданд.

Қобили зикр аст, ки ТАЛКО барои 1 киловатт нерӯи барқ дар мавсими тобистон – 7,20 дирам ва дар мавсими тирамоҳу зимистон – 11,8 дирам маблағ пардохт мекунад. Айни замон нархи пардохти 1 киловатт нерӯи барқ барои аҳолӣ – 12,6 дирам муқаррар шудаааст.

Ҳамчунин ёдрас мебояд кард, ки бо қарори ҳукумат аз 1 ноябри соли 2016 ба ҷуз ТАЛКО, тарифҳои истифодаи барқ барои ҳамаи дараҷаҳои истеъмолгарон афзуда мешавад. Аз ҷумла, аҳолӣ барои 1 киловатт соат нерӯи барқ 14,65 дирам маблағ пардохт хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.