Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Эътилофи миллии Ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Тоҷикистон дар Душанбе дар мавзӯи «Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ): сафарбарии талошҳо ва таҳкими имконот» семинар баргузор мекунад. – Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи даври интихобии чемпионати Осиё-2017 миёни духтарони синни то 19-сола оғоз мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии […]

Asia-Plus

АНОНС

– Эътилофи миллии Ташкилотҳои ҷамъиятии волидони кӯдакони имконияташон маҳдуди Тоҷикистон дар Душанбе дар мавзӯи «Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ): сафарбарии талошҳо ва таҳкими имконот» семинар баргузор мекунад.

– Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи даври интихобии чемпионати Осиё-2017 миёни духтарони синни то 19-сола оғоз мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8750 сомонӣ;

1 евро – 8.5987 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1238 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Дар ҳайати ВМКБ ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон таъсис дода шуданд.

2004 – Ҳайати мушовараи Суди олӣ роҳбари ширкати «Ҷамол ва Ко» Ҷ.Сиёевро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

2011 — Маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқи 220 кВ Сангтӯда-Пули Хумрӣ баргузор шуд.

2012 — Бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросиси расмии ба истифода додани нақби «Шаҳристон» доир гардид.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.

1964 – Мавлуди раққоса Хайринисо Файзуллоева.

1965 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб Акбар Зарифов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +21+23.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.