Раҳоии собиқ раиси суд бо пардохти 600 ҳазор сомонӣ

Хуршед Сангинзода, раиси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки се моҳ пеш бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шуда буд, бо пардохти 600 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 76 000 доллар) аз толори додгоҳ озод гардид. Мирзосайфиддин Насриддинов, вакили дифои Сангинзода, имрӯз, 26 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, нафари таҳти ҳимояташ бо қарори додгоҳи вилояти […]

Радиои Озодӣ

Хуршед Сангинзода, раиси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки се моҳ пеш бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шуда буд, бо пардохти 600 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 76 000 доллар) аз толори додгоҳ озод гардид.

Мирзосайфиддин Насриддинов, вакили дифои Сангинзода, имрӯз, 26 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, нафари таҳти ҳимояташ бо қарори додгоҳи вилояти Суғд озод шуд. Ин қарор рӯзи 25 октябр содир гардидааст.

Ӯ гуфтааст, раҳоии раиси собиқи додгоҳ баъди он имконпазир шуд, ки ӯ "15 ҳазор нишондиҳандаи ҳадди ақалл, яъне баробар ба 600 ҳазор сомонӣ ҷаримаи аз ҷониби додгоҳ муқарраршударо пардохт кард". Хуршед Сангинзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "гирифтан"-у "додани пора" муттаҳам буд, ки аз рӯи қонунҳои кишвар, пардохти ҷарима ва ё дар маҷмӯъ то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бар асоси тағйироти ахир ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, як шахси масъул ва ё корманди идораи давлатии муттаҳам дар додану гирифтани ришва, вобаста аз сангинии ҷинояти содиршуда, метавонад бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми "аз 3650 то 9125 ҳазор нишондиҳанда" аз зиндон озод шавад ва ё ба мӯҳлати аз 3 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шавад. Як нишондиҳанда баробар бо 40 сомонӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки собиқ раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ ба корманди Агентии зиддифасоди вилоят бо далели шайъӣ боздошт шуд. Сангинзода Хуршед моҳи майи соли 2015 бо фармони президенти мамлакат раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуда, то ин таъинот ба ҳайси раиси суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд фаъолият дошт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нашри фармоне Хуршед Сангинзодаро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мақомаш барканор кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.